Куруно; омили афзоиши хушунати хонагӣ дар Урупо - Кимиёи саодат
Қарантина барои маҳори вируси куруно дар саросари Урупо, нигаронӣ дар бораи хушунати хонагиро афзоиш додааст.
Ба гузориши хабаргузори Фаронса, аз Берлин то Порис ва аз Рум то Бротислово созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ занги ҳушдори худро дар хусуси афзоиши хушунатҳо ба садо дароварданд. Ин рӯйдод пас аз пешӣ гирифтани Урупо аз Чин дар афзоиши мубталоён ва ҷонбохтагони вируси куруно ва қарантина, сурат гирифт.
Иттиҳодияи марказҳои мушовира ва роҳнамоии занон дар Олмон, дар ин бора эълом карданд: "Дар ҳоли ҳозир хона ҷойи амне барои бисёре аз мардум ба шумор намеояд."
Хатари хушунати хонагӣ танҳо маҳдуд ба хонаҳое намешавад, ки пеш аз ин хушунатро таҷриба кардаанд.
Флуронс Клодпир (Florence Claudepierre), мудири Анҷумани волидайни FCPE-и Фаронса дар минтақаи Упер Ройн (Upper Rhine), ки бузургтарин осебро аз шуюъи вируси куруно дар ин кишвар дидааст, дар ин бора мегӯяд: "Хонаводаҳо фишори зиёдеро дар ин рӯзҳо таҳаммул мекунанд."
Қарантина ва иртиботи бештари хонаводаҳо боиси афзоиши хушунати хонаводагӣ дар бисёре аз кишварҳои урупоӣ шудааст.
Вай афзуд: "Аз замони шурӯъи қарантина достонҳои зиёде аз ҷудоии зану шавҳарҳо ва нотавонии онҳо дар идомаи зиндагӣ мешунавем."
Чанд ҳафта пас аз қарантинаи Чин, созмонҳои ҳуқуқи занон аз афзоиши 3 баробарии хушунат алайҳи занон гузориш доданд.
Дар ҳафтаи гузашта дар Испониё як модари 35-сола аз сӯи шавҳараш ба қатл расид. Испониё дуввумин кишвари вирусзадаи Урупо пас аз Итолиё аст.
Куҷо метавон рафт?
Дар бештари нуқоти Урупо марказҳои кӯмак ба занон бо муроҷеати бисёр кам рӯ ба рӯ шудаанд. Ин мавзӯъ нишонаи чандон хубе ҳам нест.
Ба гузориши Анҷумани марказҳои мушовираи Олмон кӯдакон, ҷавонон ва занон аслитарин қурбониёни хушунати руҳӣ ё физикии хонагӣ ҳастанд. Қарнтинаи хонагӣ ба маънои афзоиши хушунатҳост. Ба далели иртиботи наздик ва пайваста эҳтимоли афзоиши хушунатҳо ба шиддат зиёд мешавад.
Занги хатари марказҳои кӯмак ба қурбониёни хушунати хонагӣ пас аз қарантина ба садо даромадааст.
Ринер Ретингер (Rainer Rettinger), раиси Иттиҳодияи ҳимоят аз кӯдакони Олмон, дар ин бора гуфт: "Бастани мадорис, бошгоҳҳои варзишӣ ва марказҳои махсуси ҷавонон, барои маҳори вируси куруно ва шуюъи бештари он, бисёр муҳим аст."
Вай дар идома афзуд: "Аммо чӣ касе озору азият ва суистифода аз кӯдакон дар ин рӯзҳоро шунида ё расад мекунад?"
Мортин Брус (Martine Brousse), раиси созмони порисии La Voix de l'Enfant (Садои кӯдакон) дар ин бора мегӯяд: "Дастрасии мо ба хушунатҳои ҷадид маҳдуд шуда ва ин мавзӯъ моро нигарон мекунад."
Биотрис Фриску-Рулфу (Beatrice Fresko-Rolfo), гузоришгари хушунат алайҳи занон дар Шӯрои порлумонии Урупо, бо ишора ба ин мавзӯъ гуфт: "Дар ҳоле ки давлатҳо милёрдҳо дулорро ба бахши саломат ва хадамоти беҳдоштӣ сарф мекунанд, набояд аз аҳаммияти ҳуқуқи асосии бисёре аз инсонҳо чашмпӯшӣ кунанд."
